Дар солҳои охир иқтисодиёт ва агломератсияи пойтахт босуръат рушд карда, шумораи аҳолии доимии шаҳри Тошканд аз 3,1 миллион нафар гузаштааст. Ҳамзамон пешбинӣ мешавад, ки то соли 2045 аҳолии шаҳр беш аз ду баробар афзоиш ёбад. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки равандҳои урбанизатсия мутаносиб бо сарборӣ ба фонди манзил, шабакаҳои нақлиётӣ-логистикӣ ва муҳандисӣ, инчунин инфрасохтори иҷтимоӣ рушд дода шаванд.
Бо мақсади беҳтарсозии муҳити шаҳрӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ, васеъ намудани ҳудудҳои сабз ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян гардидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд ва атрофи он пешбинӣ шудааст, ки масоҳати минтақаҳои сабз се баробар зиёд карда, то 25 ҳазор гектар расонда шавад. Ҳамчунин таъминнокии аҳолӣ бо ниҳолзорҳо ба ҳар сари аҳолӣ аз 3 то 6 метри мураббаъ зиёд карда мешавад.
Дар ин давра аз ҷониби ташаббускорон 85 пешниҳоди лоиҳавӣ барои сохтмони масоҳати умумиаш 2 679 гектар пешниҳод гардид. Дар ҷараёни омӯзиш ба ҳар як лоиҳа аз нуқтаи назари ягонаи шаҳрсозӣ баҳо дода шуд. Талаб гузошта шуд, ки на камтар аз 30 фоизи ҳудуди лоиҳаҳо барои минтақаҳои сабз ҷудо карда шавад, қитъаҳои кӯҳнашуда тавассути реноватсия навсозӣ гарданд ва аз амалияи сохтмони нуқтавӣ дар қитъаҳои то 1 гектар худдорӣ карда шавад.
Аз натиҷаи баррасӣ пешниҳод шуд, ки ба татбиқи18 лоиҳа иҷозат дода шаванд, 12 лоиҳа бо ворид намудани тағйирот оптимизатсия гарданд, 54 лоиҳа барои бознигарии куллии консептуалӣ равона карда шаванд.
Ҳамчунин нақшаҳои васеъ намудани минтақаи махсуси саноатии «Янги авлод» дар ноҳияи Янгихаёт баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ марҳила ба марҳила аз қисми марказии шаҳр кӯчонида шуда, истеҳсолотҳои дорои арзиши баланди иловашуда ва мутобиқ ба талаботи экологӣ ҷойгир карда шаванд.
Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаҳои тасдиқшуда интизор меравад, ки ҳамасола 1,5 миллиард доллар маҳсулоти иловагии минтақавӣ ташаккул ёфта, ба буҷет 3,5 триллион сӯм ворид гардида, 260 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Ба масъалаи густариши ҳудудҳои сабз диққати махсус дода шуд.
Қайд гардид, ки на камтар аз 30 фоизи масоҳати лоиҳаҳо, ки тақрибан 400 гектарро ташкил медиҳанд, барои минтақаҳои сабз ҷудо карда шавад. Илова бар ин, дар 9 мавзеи шаҳри Тошканд бо масоҳати умумии 134 гектар боғҳои нави ҷамъиятӣ бунёд мегарданд.
Гуфта шуд, ки маблағҳое, ки аз пардохтҳои инфрасохторӣ барои лоиҳаҳои ҷорӣ ба даст оварда мешаванд, бояд асосан барои бунёди фазоҳои нави сабз, боқимонда барои сохтмони инфрасохтори шаҳрӣ равона карда шаванд.
Президент дастур дод, ки равандҳои шаҳрсозӣ дар пойтахт мутобиқ бо манфиатҳои ҷамъиятӣ, талаботи муҳити солим ва стандартҳои экологӣ ривоҷ дода шаванд.