Ҳукумати Русия содироти бензинро барои шаш моҳ манъ мекунад

    Саноат 27 Fevral 2024 2127

    Манъи муваққатии содироти бензин дар пасманзари афзоиши мавсимии талабот аз 1 марти соли ҷорӣ ҷорӣ мешавад.

    Сарвазири Русия Михаил Мишустин манъи содироти бензинро барои шаш моҳ аз 1 марти соли 2024 тасдиқ кард. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки меъёри фурӯши дизел дар биржа то 16 фоиз зиёд карда шавад, хабар медиҳад РБК.

    Маҳдудияти муваққатии содирот ба ҳаҷми мувофиқашудаи интиқол ба кишварҳои узви ИИОА, Муғулистон, Ӯзбекистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ дахл надорад.

    Муовини сарвазир Александр Новак ба раиси ҳукумат бо пешниҳоди ҷорӣ кардани манъи муваққатии содироти бензин муроҷиат кард. Ӯ дар номаи худ аз 21 феврал таъкид кардааст, ки ба зудӣ дар бозори дохилӣ мавсими афзоиши талабот ба сӯзишворӣ оғоз мешавад, ки ин ба давраи корҳои баҳории саҳроӣ, таъмири нақшавӣ дар корхонаҳои коркарди нафт ва ҳамчунин таътили тобистона марбут аст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates