Дар доираи он ширкаткунандагон аз корхона дидан карданд, ки дар рафти он ба ҳамаи сехҳо даромада, ҷараёни пурраи истеҳсолотро диданд ва инчунин дар гуфтушунид бо роҳбарият ширкат намуда, ба саволҳои таъминот, истифода ва хусусиятҳои истеҳсоли панелҳои офтобӣ посух гирифтанд.
Дар натиҷаи сафар робитаҳо барқарор ва ҳамкориҳо ба роҳ монда шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноат.
Барои маълумот: LONGi Green Energy Technology Company Limited - ширкати чинии фотоэлектрикӣ буда, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони пластинкаҳои кремний, фотоэлементҳо ва модулҳои офтобӣ дар ҷаҳон аст.