Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид кард

    Молия 3 Iyun 2022 1197

    Дар Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло баргузор гардид.

    Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии макроиқтисодии ҳарду кишвар, сиёсати пулию қарзӣ ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро баррасӣ карданд.

    Меҳмонон барои истиқболи самимӣ ва ҳамкории судманд дар рушди муносибатҳои муросилотии байни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори сипос карданд.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар соҳаи табодули таҷриба тавассути ташкили сафарҳои мутақобила густариш дода шаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Бонки марказӣ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates