Раиси Сенат ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавононро ба ҳузур пазируфт

    15 майи соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон, роҳбари Бюрои ҷавонони СММ Фелипе Паулер баргузор гардид.

    Дар ҷараёни суҳбат ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва СММ, аз ҷумла таҳкими муколамаи байналмилалӣ байни парлумонҳои ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои экология, зеҳни сунъӣ ва маорифи рақамӣ пешниҳодҳо ва ташаббусҳои мушаххас ироа гардиданд. Ҳамчунин, бо ташаббуси сарвари давлати мо пешниҳод шуд, ки соли 2026 дар шаҳри Самарқанд Форуми байналмилалии вакилони ҷавон дар сатҳи баланд баргузор гардад ва ёвари Дабири кулли СММ дар он бо ташаббусҳои муҳим ширкат намояд.

    Дар мулоқот моҳият ва аҳамияти Стратегияи СММ “Ҷавонон – 2030”, инчунин самтҳои афзалиятноки пешбурди масъалаҳои ҷавонон дар доираи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Инчунин, самтҳои асосӣ, ислоҳоти амиқ ва натиҷаҳои амалӣ дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ӯзбекистон ба таври васеъ шарҳ дода шуданд. Зикр гардид, ки бо дарназардошти он ки беш аз 55 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.

    Дар анҷоми суҳбат, ки дар муҳити дӯстона ва корӣ баргузор шуд, ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ӯзбекистон ва СММ дар ҳамаи соҳаҳо ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates