Раиси Сенат дар Самарқанд бо муовини Котиби генералии СММ мулоқот кард

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар Самарқанд дар ҳошияи иҷлосияи 21-уми Кумитаи баррасии иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) бо муовини Котиби генералии СММ, котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Иброҳим Тиау мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо сохторҳои махсуси СММ дар самти мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва таназзули замин, пешгирии тӯфони чанг ва ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ шуданд.

    Ба сифати маълумот қайд кардан ҷоиз аст, ки Ўзбекистон яке аз аввалин кишварҳо дар минтақаи Осиё гардид, ки узви Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ шуд. Конвенсияи мазкур аз ҷониби парлумони Ӯзбекистон 31 августи соли 1995 ба тасвиб расида, соли 1996 эътибор пайдо кард. Имрӯз 197 кишвар узви ин Конвенсия мебошанд.

    Дар заминаи мушкилоти глобалии экологӣ тадбирҳои амалии ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии Ӯзбекистон, аз ҷумла, корҳо оид ба қабул ва татбиқи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Иброҳим Тиау ҷиддияти ташаббусҳои Ӯзбекистонро оид ба барқарорсозии дунёи сабз ва пешрафтҳои бадастомада қайд карда, иброз дошт, ки кишвар дар самти пешгирии таназзули замин ва барқарорсозии замин ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, бо ҳаракатҳои амалии худ барои ҳама намунаи ибрат аст.

    Дар ҷамъбасти мулоқот дар бораи идомаи пайвастаи муколама ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои марбут ба рӯзномаи экологӣ, муҳити зист ва тағирёбии иқлим, инчунин таҳияи амалҳои муштарак ва коҳиш додани таъсири онҳо тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates