Дар чорабинӣ Д.Ваҳабов ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки имрӯзҳо барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд ва дарозмуддат байни намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистон ва Туркия имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд.
Сафири Ҷумҳурии Туркия ҳамчунин ба шарикии Ӯзбекистону Туркия, робитаҳои чандинасраи бародаронаи байни халқҳо ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар навбати худ, ҷониби Туркия ба суръати рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон дар солҳои охир ва фаъолияти ин кишвар дар густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ баҳои баланд дод.