Дар ҷараёни тақдимот чораҳое баррасӣ гардиданд, ки барои беҳтар намудани пешгирӣ ва табобати бемориҳои шадиди дилу раг ва сереброваскулярӣ таҳия шудаанд.
Мувофиқи нақша, аз 1 майи соли 2026 дар вилояти Самарқанд ва шаҳри Тошканд барномаи миллии «Мубориза бо инфаркт ва инсулт», ки бар асоси барномаҳои байналмилалии «Stent for Life» ва «Action Plan for Stroke» таҳия шудааст, амалӣ мегардад. Аз 1 октябр барнома вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғонаро фаро мегирад ва аз соли 2027 дар дигар минтақаҳо низ татбиқ мешавад.
Дар доираи барномаи миллӣ ҳар сол баргузории пурсишҳо миёни аҳолии аз 30-сола боло пешбинӣ гардида, бар асоси натиҷаҳо барои гурӯҳҳои хавфнок муоинаҳои мақсадноки тиббӣ анҷом дода мешаванд. Ҳамчунин ҷорӣ намудани алгоритмҳои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва хатсайрҳои клиникии беморон дар назар аст.
Тибқи стандартҳои байналмилалӣ, ҳангоми расонидани ёрии таъҷилӣ ба ин бемориҳо меъёри «соати тиллоӣ» ҷорӣ карда мешавад.
Дар муаррифӣ инчунин чораҳо оид ба тақвияти имкониятҳои моддию техникӣ ва рақамии хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, бригадаҳо бо электрокардиографҳои телеметрӣ ва дефибрилляторҳои монитордор таъмин мегарданд. Имконияти таҳлил бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва интиқоли натиҷаҳои ЭКГ тавассути низоми иттилоотӣ, инчунин мубодилаи маълумот дар вақти воқеӣ байни бригадаҳо ва беморхонаҳо фароҳам оварда мешавад.
Дар муассисаҳои статсионарӣ ташхиси инсулт бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҷорӣ шуда, масирҳои беморон рақамӣ мегарданд. Беморхонаҳо бо доруҳои маҳлулкунандаи тромб ва маводи зарурӣ барои анҷом додани амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ба расонидани ёрии таъҷилии статсионарӣ ташкилотҳои ғайридавлатии тиббӣ низ ҷалб мегарданд ва хидматрасониҳои тиббӣ дар ҳолатҳои бемориҳои шадиди дилу раг ва мағзи сар аз ҳисоби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Дар доираи барномаи миллӣ дар низоми иттилоотии «Тандурустии электронӣ» феҳристи электронии беморон ва аҳолии ба гурӯҳи хавф дохилбуда нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин ба корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аҳамияти махсус дода шуд. Дар назар аст, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ роликҳои иҷтимоӣ, инфографика, аниматсияҳо ва наворҳои кӯтоҳ паҳн карда шаванд, дар назди бозорҳо ва марказҳои савдо билбордҳо ва баннерҳо насб гарданд, инчунин дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва маҳаллаҳо семинарҳо ва тренингҳо оид ба ошкорсозии барвақти нишонаҳои инфаркт ва инсулт баргузор карда шаванд.
Илова бар ин, дар доираи барномаи байналмилалии «FAST Heroes» ташаббуси «Angels Initiative» барои хонандагони мактабҳо машғулиятҳои махсус ташкил карда мешаванд. Ҳамасола 29 сентябр — ба муносибати Рӯзи байналмилалии дил ва 29 октябр — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо инсулт баргузории чорабиниҳои оммавии ройгон оид ба чен кардани фишори хун, сатҳи қанд ва холестерин, инчунин баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ дар масъалаҳои расонидани ёрии таъҷилӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қайд гардид, ки барои маблағгузории барнома дар соли 2026-ум 239 миллиард сӯм, аз соли 2027 бошад — 280 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Дар ҷараёни муаррифӣ инчунин пешниҳодҳо оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хадамоти хун дар солҳои 2026–2030 баррасӣ шуданд.
Бо дарназардошти афзоиши талабот ба препаратҳои хун, чораҳои мақсадноке таҳия шудаанд, ки ба густариши имкониятҳои хадамот ва пурра таъмин намудани муассисаҳои табобатӣ бо хун ва ҷузъҳои он равона гардидаанд.
Аз ҷумла, бар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи супоридани хун аз 10 то 30 маротиба ба ҳар ҳазор нафар зиёд карда шавад, захираҳои хун аз 150 ҳазор литр то 450 ҳазор литр тавассути афзоиши шумораи умумии донатсияҳо то 1 миллион расонида шаванд, инчунин теъдоди донорони ихтиёрӣ аз 300 то 900 ҳазор нафар зиёд гардад.
Дар асоси таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ тартиботи стандартии ҷарроҳӣ, протоколҳои бехатарӣ ва усулҳои муосири скрининг ҷорӣ карда мешаванд, ки ба таъмини бехатарии хун ва ҷузъҳои он равона шудаанд. Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии кормандони хадамоти хун, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва дастгирии рушди ҳаракати донории бемузд пешбинӣ мегардад.
Барои такмили куллии низоми кор бо хун, идоракунии равандҳо аз рӯи даври «талабот – коркард – расонидан» ҷорӣ карда мешавад.
Дар доираи платформаи рақамӣ низоми иттилоотии «Ҳисобгирии электронии препаратҳои хун» татбиқ мегардад, ки назорат аз болои гардиши хун ва ҷузъҳои онро таъмин намуда, имкони ҳамгироии фармоишҳоро бо хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ фароҳам меорад.
Қайд шуд, ки барои маблағгузории хадамоти хун дар соли 2026 ҷудо намудани 308 миллиард сӯм ва барои рушди соҳа дар солҳои 2026–2030 дар маҷмӯъ 1,75 триллион сӯм пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни муаррифӣ инчунин дар бораи натиҷаҳои омӯзиши фаъолияти марказҳои махсусгардонидашудаи илмӣ-амалӣ ва клиникаҳои ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар моҳҳои сентябр-декабри соли 2025 гурӯҳҳои корӣ фаъолияти 37 марказ ва клиникаи тиббии сатҳи ҷумҳуриявиро ба таври ҳамаҷониба омӯхта, як қатор камбудиҳои ташкилӣ ва идоракуниро ошкор намуданд. Барои бартараф намудани онҳо нақшаи амал аз 27 банд таҳия шудааст, ки самтҳои баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ, ба низом даровардани ҳамкорӣ бо минтақаҳо, такмили низоми идоракунӣ, фаъолияти кадрӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, интизоми молиявӣ ва истифодаи самараноки захираҳоро фаро мегирад.
Ҳамчунин масъалаи ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба ислоҳоти низоми тандурустӣ баррасӣ шуд.
Шартҳои техникии ислоҳоти низоми тандурустии ҷамъиятӣ, банақшагирии соҳаи тандурустӣ ва низоми миллии лабораторӣ таҳия гардидаанд. Бо мақсади татбиқи ин чорабиниҳо пешниҳод шудааст, ки 25 коршиноси байналмилалӣ ва 19 мутахассиси маҳаллӣ ҷалб карда шаванд.
Ҳамчунин лоиҳаи навсозии Маркази ҷумҳуриявии онкологӣ ва филиалҳои минтақавии он мавриди муаррифӣ қарор гирифт.
Соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд дар доираи лоиҳаи «Навсозии муассисаҳои онкологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (марҳилаи II)» барои маҷмааи нави марказ ва 13 филиали он 119 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 61 миллион доллар харидорӣ гардида буд. Ҳоло ба нақша гирифта шудааст, ки боз 5 навъи таҷҳизот ба маблағи 5,6 миллион доллар харидорӣ карда шавад.
Аз ҳисоби ҷалби маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 10 миллион доллар пешниҳод шудааст, ки барои марказ 80 номгӯи 1027 адад таҷҳизоти тиббӣ, инчунин сиклотрон ва лабораторияи радиосинтез барои истеҳсоли доруҳои радиофармасевтӣ харидорӣ гардад.
Инчунин ба Сарвари давлат оид ба корҳои дар самти рушди соҳаи фармасевтӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо доруҳои дастрасу босифат анҷомдодашуда маълумот пешниҳод гардид.
Қайд гардид, ки фармасевтика айни замон ба яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи саноат табдил ёфтааст. Имрӯз дар ин соҳа 156 лоиҳа ба маблағи умумии 2,3 миллиард доллар амалӣ мегардад. Дар соли 2025-ум 362 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, зиёда аз 2,4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Корхонаҳои соҳа ба маблағи 7,3 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол намудаанд ва содироти доруҳо ва маҳсулоти фармасевтӣ ба 55 кишвари ҷаҳон 220 миллион долларро ташкил дод.
Дар натиҷаи ислоҳоти охирин, ки ба таъмини сифати доруҳо ва коҳиши расмиёти бюрократӣ равона шудаанд, бори аввал аз ҷониби соҳибкорон корҳои истеҳсоли 130 номгӯй доруҳои воридотӣ дар Ӯзбекистон дар асоси интиқоли технологияҳо оғоз гардид.
Илова бар ин, дар натиҷаи бознигарии нархҳои референтӣ барои 2 ҳазор номгӯй доруҳои воридотӣ нархҳои яклухти доруҳо 40–60 фоиз поин бурда шуданд.
Дар ҷараёни тақдимот зарурати боз ҳам баланд бардоштани сифат ва дастрасии доруҳои ватанӣ, ки ҷойгузини воридот мебошанд, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сармоягузорон, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва лабораторӣ, инчунин ташаккули низоми шаффофи назорати сифат таъкид гардид.
Президент пешниҳодҳои воридшударо ҷонибдорӣ намуда, қарорҳои дахлдорро тасдиқ кард. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки тадбирҳои пешбинишударо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд ва дар самтҳои баррасишуда ба натиҷаҳои мушаххас ноил гарданд.