Кисида ба хабарнигорон гуфт: «Қарор дода шуд, ки сафарҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон бекор карда шавад», - ва таъкид кард, ки дар ҳафтаи оянда тамоми талошҳои ҳукумат ба назорати вазъ ва омодагӣ ба заминларзаи шадиди эҳтимолӣ дар шикасти Нанкай равона карда мешаванд, хабар медиҳад ТАСС.
Сарвари ҳукумати Ҷопон ҳамчунин қайд кард, ки мақомот барои пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар интернет дар мавзӯи заминларзаи эҳтимолӣ фаъолона кор хоҳанд кард. Кисида нақша дошт, ки 9-10 август ба Қазоқистон як сафари расмӣ анҷом дода, дар нахустин нишасти муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ширкат кунад. Музокироти ӯ бо Президенти ҷумҳурӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 10 август дар назар буд. Инчунин, дар доираи ин сафар Кисида ният дошт аз Ӯзбекистон ва Муғулистон дидан кунад.
Тайи чанд соли ахир сейсмологҳои ҷопонӣ аз эҳтимоли зилзила дар шикасти Нанкай, ки дар ҷанубу шарқи соҳили марказии Хонсю воқеъ аст, нигаронии зиёд доштанд. Рӯзи 8 август дар ҷанубу ғарб заминларзаи 7,1 дараҷа рух дод, ки баъд аз он сейсмологҳо эҳтимоли афзоиши зилзиларо дар шикасти Нанкай эълон карданд. Дар он ҷо заминҷунбӣ бо шиддати тақрибан 8,0 тақрибан дар як маротиба дар 100-200 сол рух медиҳад. Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки эҳтимоли заминларзаи 8,0 ё 9,0 дараҷа дар давоми 30 соли оянда 70-80 фоиз аст. Дар ин сурат як қисми назарраси Ҷопон осеб дида, соҳили шарқии онро сунамии беш аз 30 метра фаро мегирад.