Дар ҷараёни музокирот нақши муҳими JICA ҳамчун яке аз шарикони стратегии Ӯзбекистон дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва инфрасохтор таъкид гардид.

Қайд шуд, ки айни замон якҷо бо JICA барномаи дарозмуддате таҳия мешавад, ки 17 лоиҳаи ояндадорро ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар дар бар мегирад.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, татбиқи ташаббуси «One Village - One Product», омодасозии созишномаҳои нав барои Форуми V байналмилалии сармоягузории Тошканд, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти STEM, аз ҷумла таъсиси озмоишгоҳҳо дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷопонро баррасӣ карданд.

Лазиз Қудратов ба Бито Ёшибуми барои саҳмаш дар таҳкими шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Ҷопон изҳори сипос намуда, инчунин Мамору Сакайро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи роҳбари Намояндагии JICA дар Ӯзбекистон табрик гуфт.