Бо мақсади пайваст намудани маркази вилоят ба шоҳроҳи байналмилалии М-39 бо маблағи тақрибан 290 миллиард сӯм пули 700-метра ва ба масофаи 4 километр роҳи нави автомобилгард сохта шуд.
Роҳи нав барои ҳаракати зиёда аз 14 ҳазор воситаи нақлиёт дар як рӯз мусоидат менамояд.
То ба ҳол сокинон барои вуруду хуруҷ аз шаҳр маҷбур буданд, ки роҳи 25-километраро давр зананд. Ба шарофати иншооти нав, масофа то 4 километр кӯтоҳ шуд ва мушкилоти танбашавӣ дар роҳи кӯҳна бартараф гардид. Ин иқдом на танҳо барои ронандагон, балки барои соҳибкорон, логистика ва бахши хидматрасонӣ низ аҳамияти бузург дорад.
Пул аз технологияҳои муосири сохтмони металлӣ сохта шуда, муҳлати хидмати он 100 сол арзёбӣ мегардад. Гузаргоҳҳои анъанавии оҳанин-бетонӣ одатан 50 сол хидмат мекунанд. Пас, муҳлати хидмат ду баробар зиёд шудааст.
Боз як ҷиҳати муҳими лоиҳа он аст, ки пештар ҳангоми гузаштани қатораҳои мусофирбар ва боркаш автомобилҳо маҷбур буданд дар буриши роҳи оҳан мунтазир шаванд ва акнун, бо сохтмони ин гузаргоҳ, ҳаракати нақлиёти ёрии таъҷилӣ, оташнишонӣ ва дигар хадамоти махсус хеле осон мегардад.
Дар ҳамин ҷо ба роҳбари давлат дар бораи рафти лоиҳаҳои энергетикаи атомӣ маълумот дода шуд.
Ҳоло дар вилояти Ҷиззах сохтмони нерӯгоҳи барқи атомии муттаҳид, ки аз ду реактори камқувват ва ду реактори калон иборат аст, оғоз ёфтааст.
Дар марҳилаи кунунӣ корҳои кофтукоб барои бинои реактор босуръат идома доранд. Барои пойгоҳи сохтмон ва васлу насб корҳои ҳамворсозӣ, бетонрезӣ ва арматурагузорӣ идома доранд. Барои зисти коргарон маҷмааи муваққатии истиқоматӣ сохта шудааст.
Нақшаҳо ҷиҳати маҳаллисозии истеҳсоли масолеҳи сохтмонии зарурӣ барои нерӯгоҳи барқи атомӣ, инчунин, густариш додани омодасозии кадрҳо барои соҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар бораи лоиҳаи сохтмони шаҳраки махсус барои мутахассисон ва оилаҳои онҳо, ки дар неругоҳи барқии оянда меҳнат хоҳанд кард, маълумот дода шуд. Ин шаҳрак дар масофаи 16 километр аз неругоҳ ҷойгир шуда, барои 10 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст ва дар он тамоми инфрасохтор, иншооти иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ мавҷуд хоҳад буд.
Президент бо муаррифии мастер-нақша ва лоиҳаҳои реноватсияи даромадгоҳи шаҳри Ҷиззах ба таври муосир низ шинос шуд.
Бар асоси барномаи реноватсия, дар ҷойи хонаву биноҳои кӯҳнаи Ҷиззах бунёди манзилҳои истиқоматии муосир, мусоид ва бехатар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, бо лоиҳаҳои сохтмони бинои маркази IT, таъсиси маркази ҳунармандӣ, бозсозии баъзе маҷмааҳои мавҷуда ва танзими кӯчаҳои серҳаракат низ шинос гардид.
– Мақсади сафари мо ба Ҷиззах муайян ва амалӣ намудани нуқтаҳои нави рушди вилоят аст. Ҷиззахи имрӯза, дигар Ҷиззахи дирӯза нест. Иқтидор ва имкониятҳои вилоят бамаротиб афзуданд, муносибати мардум ба зиндагӣ ва кор куллан тағйир ёфтааст. Ин имкониятҳоро бояд ба лоиҳаҳои мушаххас табдил диҳем, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии мардум хидмат кунанд, – гуфт Президент.
Аз рӯйи масъалаҳое, ки дар рафти тақдимот баррасӣ гардиданд, ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.












