Дар мулоқот масъалаҳои васеъ гардондани ҳамкориҳои амалӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои муштараки дарпешистода баррасӣ шуданд.
Дар оғози вохӯрӣ меҳмони олиқадр ба сарвари давлати мо салому паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро расонид.
Ба масъалаи баргузории нишасти аввали «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо», ки 3-4 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина, натиҷаҳои созандаи ҷаласаи вазирони кишварҳои дахлдор, ки имрӯз дар шаҳри Ашқобод доир гардид, баланд арзёбӣ шуданд.
Муҳимияти густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду минтақа дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорат ва логистика, бо истифода аз имкониятҳои долони нақлиётии Транскаспӣ, рақамисозӣ, энергетикаи «сабз», экология, навсозии инфрасохтор ва соҳаҳои дигар бо ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳо таъкид гардид.
Масъалаҳои минбаъдаи таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистон бо институтҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, масъалаи қабули Созишномаи нав оид ба шарикии густаришёфта ва ҳамкорӣ ва дохил шудани кишвари мо ба Созмони умумиҷаҳонии савдо муҳокима гардид.
Оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва сиёсати минтақавӣ низ мубодилаи афкор ба амал омад.