Президент лоиҳаи қолинбофиро тасдиқ кард

    Ҳукумат 1 Iyun 2021 5974

    Сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи “Afghan bazar carpets” дар шаҳри Тирмиз шинос шуд.

    Дар Сурхондарё гӯсфандони зиёд парвариш карда мешаванд. Аммо, пашми онҳо тақрибан ҳеҷ гоҳ коркард карда намешавад. Дар ин робита, Кумитаи рушди кирмакпарварӣ ва зотпарварии қарокулӣ лоиҳаро дар асоси таҷрибаи Афғонистон дар соҳаи истеҳсоли қолинҳои пашмин амалӣ менамояд.

    Президент ин лоиҳаро тасдиқ намуда, оид ба густариши ҳамкориҳо бо соҳибкорони афғон, зиёд кардани саршумори гӯсфандони маҳинпашм дастурҳо дод.

    Шавкат Мирзиёев бо заноне, ки дар корхона кор мекунанд, суҳбат кард.

    Дар ин ҷо инчунин фабрикаи “Silk road tex” ташкил карда мешавад, ки бо истеҳсоли матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз абрешим, халтаҳои варзишӣ ва сумкаҳои сайёҳӣ машғул хоҳад шуд. Соле содир кардани маҳсулот ба маблағи беш аз 2 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates