"Иброҳим Раисӣ ҳангоми хидмат ва иҷрои вазифаҳои худ дар назди мардуми Эрон ба садама дучор шуд ва ба шаҳодат расид", - омадааст дар баёнияи ин ниҳод.
Ба иттилои ин ниҳод, чархболе, ки дар дохили он Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон ва Ҳусейн Амир-Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи якшанбе дар ҷангалзори дар Озарбойҷони Шарқӣ (музофоти Эрон) суқут кард. Пас аз якчанд соати ҷустуҷӯ макони чархбол ошкор шуд. Дар баробари ин маълум шуд, ки мусофирони чархбол ҳалок шудаанд.