Президенти Эрон Масъуд Пизишкён эълон кард, ки корҳо оид ба нақшаҳои кӯчондани пойтахти кишвар аз Теҳрон ба ҷануб, ба соҳили Халиҷи Форс оғоз меёбанд.
Мувофиқи хабарҳои расонаҳои кишвари мазкур, президент дар суханронии худ ҳангоми боздид аз қароргоҳи «Хотамул-анбиё» боз масъалаи кӯчондани пойтахт аз Теҳронро, ки қаблан низ баррасӣ шуда буд, ба миён гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, нигоҳ доштани Теҳрон ҳамчун пойтахт бинобар чанд сабаб, пеш аз ҳама иқтисодӣ, ғайриимкон шудааст: «Теҳрон бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст, ки ҳал карданашон ғайриимкон аст. Ҳар коре ки кунем, вақти худро аз даст медиҳем. Аз ин рӯ, дигар интихобе нест, ҷуз кӯчонидани маркази иқтисодӣ ва сиёсӣ ба соҳилҳои ҷануб».
«Нодида гирифтани ин масъала метавонад кишварро ба буҳрони экологӣ ва дигар мушкилоти зиёде дар оянда рӯ ба рӯ созад», - гуфт Пизишкиён ва илова кард, ки муовини якуми президент Муҳаммадризо Ориф вазифадор шудааст назорати иҷрои нақшаҳои кӯчонидани пойтахтро ба ӯҳда гирад.
Нақшаи кӯчонидани пойтахти Эрон аз Теҳрон, ки шумораи аҳолиаш тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба шаҳри дигар, 25 декабри соли 2013 бо овоздиҳии 110 вакил аз маҷлиси 290-нафара қабул шуда буд. Шӯрое, ки дар доираи ин нақша ташкил ёфтааст, таҳқиқот гузаронидааст, то муайян намояд, ки «кадом шаҳр ҳамчун алтернативаи беҳтар барои пойтахт мувофиқ аст».
Ҳанӯз ягон қадам дар ин самт анҷом дода нашудааст, хабар медиҳад aa.com.tr.