Президент бо намояндагони соҳаи IT мулоқот намуд

    Ҳукумат 29 Iyul 2022 6372

    Президент Шавкат Мирзиёев 29 июл аз академияи IT «Astrum» дар ноҳияи Юқори Чирчиқ боздид ба амал овард, ки дар он ҷо бо мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ ва ҷавонон мулоқот намуд.

    Индустрияи IT яке аз соҳаҳои зудафзоянда дар ҷаҳон ба шумор меравад. Суръати афзоиши хидматрасонии IT соле 10 фоизро ташкил намуда, интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ ҳаҷми он ба 4 триллиону 300 миллиард доллар мерасад.

    Дар мамлакатамон кори доманфарох бобати ишғол намудани мавқеи мустаҳкам дар ин бозор сар шудааст. Дар панҷ соли охир ба соҳа 2 миллиард доллар равона гардид, ки аз он ҷумла 700 миллион доллар сармояи бевосита мебошад.

    Бо ташаббуси роҳбари давлат дар тамоми минтақаҳо паркҳои IT кушода шуда, барои онҳо тартиби махсуси пардохти андоз ҷорӣ гаштааст. Ба туфайли он 14 ҳазор нафар ҷавонон бо кори баландмаош таъмин гардида буданд. Ғайр аз ин мутахассисоне, ки худро бо соҳаи IT банд намудаанд, аз аввали соли ҷорӣ 2,5 баробар афзуда, то 43 ҳазор нафар расид.

    Муҳимтар аз ҳама, дар соҳаи IT ба мақоме расидан дар байни ҷавонон расм гардид. Дар мактаб, литсей, коллеҷ, техникум ва донишгоҳҳо лоиҳаи «Миллион барномасоз» татбиқ мегардад.

    Фақат соли ҷорӣ дар мамлакат 134 ширкати нави IT, аз он ҷумла, 50 ширкатҳои хориҷӣ таъсис ёфта, миқдори корхонаҳои содиркунанда 2 баробар зиёд шуд. Инчунин ҳаҷм ва номгӯйи хидматрасонӣ афзуд.

    Омили муҳими он кори ҷорӣ дар бобати ба вуҷуд овардани объектҳои нав ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори мавҷуд гардид. Аз он ҷумла, қимати интернети мобилӣ дар се соли охир 9 баробар коҳиш ёфт. Аз рӯи ин нишондод мамлакатамон дар таснифи байналхалқӣ аз сатри 68 ба ҷои 15-ум баромад.

    – Дар панҷ соли наздик мо нақша дорем, ки содироти хидмати ватанӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ то 1 миллиард доллар зиёд карда шавад. Агар мо тарбияи ҷавононро дуруст роҳандозӣ кунем, онро бо инфрасохтори босифат, компутер ва фармоишҳои кафолатнок таъмин кунем, мо ба ин мақсад ба осонӣ ноил мегардем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Робҳари давлат таъкид кард, ки барои ин чор масъаларо бояд ҳал кард.

    Аввал ин, ки фарогирӣ ва сифати дастрасиро ба интернет ба маротиб бояд беҳтар кард. Ҳоло дараҷаи фарогирии минтақаҳо бо интернети баландсуръат қариб 70 фоизро ташкил менамояд. Дар 118 деҳа на интернет ва на алоқаи мобилӣ вуҷуд дорад.

    Дуюм. Муайян намудан ва васеъ дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи технологияи иттилоотӣ. Ҳоло барои оғози кори ҷавонон ҳамагӣ 10 миллиард сӯм грант ҷудо шудааст. Кор оид ба таъминоти техникӣ ғайрикифоя аст.

    Сеюм. Рақамисозиро дар тамоми соҳаҳо афзалият бояд бахшид. Дар ҳукумат, чандин вазорат ва ширкатҳо дар ин самт пешравии мусбат ба назар мерасад. Аммо дар Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика, Кумитаи ветеринария, ширкатҳои «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва «Ӯзагросуғурта» чораҳои андешидашуда ба қадри кофӣ нест.

    Масъалаи муҳими чорум – ба ҷавонон дар минтақаҳо мадад расондан барои баромадан ба бозорҳои содиркунанда. Аз он ҷумла, ширкатҳои хориҷӣ ба барномасозони ҷавонамон ба миқдори 100 миллион доллар хидмат фармоиш додаанд. Аммо фармоиши корхонаҳои ватанӣ хеле кам аст.

    Мулоқот дар рӯҳи суҳбати ошкоро гузашт. Дар ибтидо дар бораи мушкилоти соҳа ва пешниҳодот доир ба ҳалли онҳо вазири рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов нақл намуд. Иштирокдорони мулоқот низ фикри худро баён намуданд.

    Роҳбари давлат пешниҳоди мутахассисон ва ҷавононро дастгирӣ намуда, ба шахсони масъул таҳия намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои мазкурро супориш дод.

    – Ин масъалаҳо таҳкурсии мустаҳками рушди ҷорӣ ва ояндаи мо, барои ҷойи муносиби кор ба вуҷуд овардан ба ҷавононамон мебошад, – гуфт Президент.

    Дар академияи IT «Astrum», ки он ҷо мулоқот баргузор гардид, садҳо ҷавонон аз дониши замонавии барномасозӣ баҳраманд мегарданд ва бе фосилагирӣ аз таҳсил даромад ба даст меоранд. Президент изҳор кард, ки ташкил намудани чунин объектҳо дар дигар минтақаҳо низ зарур мебошад, ки чунин ташаббусҳо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.

    Аз тариқи видеоконфронс дар мулоқот ҳокимони минтақаҳо ва мутахассисон дар маҳалҳо иштирок намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates