Президент бо нақлиёти ҷамъиятӣ сафар карда, бо сифати хидматрасонӣ шинос шуд

    Ҳукумат 26 May 2023 7044

    Президент Шавкат Мирзиёев аз саройи автобусҳои рақами 7-уми ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» боздид ба амал овард.

    Ҳар як масъалаи вобаста ба ҳаёти ҳамарӯзаи аҳолӣ таҳти эътибори доимии давлат қарор дорад. Аз ҷумла, бинобар афзудани талабот низоми нақлиёти ҷамъиятӣ низ инкишоф меёбад.

    Тӯли солҳои охир шаҳри Тошканд бузургтар шуд. Шумораи сокинони доимӣ ва муваққатӣ, сайёҳон, донишҷӯён афзуд. Агар пештар 800-900 ҳазор мусофирони шаҳр аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебурданд, алҳол ин рақам аз 1 миллиону 300 ҳазор гузашт. Бинобар ҳамин ҳам мушкилоти норасоӣ ва муддати тӯлонӣ интизоршавии автобусҳо ба миён омаданд.

    13 декабри соли гузашта роҳбари давлат аз хиёбони автобусҳои рақами 18-уми пойтахт боздид ба амал овард ва шахсан бо вазъи кор шинос гардид, барои хариди автобусҳои нав, фароҳам овардани шароитҳои хуб барои сафариён супоришҳо дод. Дар асоси он 16 феврали соли равон қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ислоҳсозии низоми нақлиёти ҷамъиятӣ» қабул гардид. Дар ҷараёни боздиди кунунӣ Шавкат Мирзиёев бо рафти иҷрои вазифаҳои пешгузошташуда шинос шуд.

    Моҳҳои апрел-май ба шаҳри Тошканд 755 адад автобусҳои замонавӣ оварда, ба хатсайрҳои сермусофиру сераҳолӣ гузошта шуданд. Дар натиҷа миқдори ҳаррӯзаи автобусҳо ба 1400 адад расид, 9 хатсайри иловагӣ боз гардиданд. Рӯзҳои наздик боз 245 адад автобус харид мешавад.

    Аз ҷумла хиёбони рақами 7-уми автобусҳо то ба наздикӣ рӯзе дар 18 хатсайр ба 90 ҳазор мусофирон хидмат мерасонид. Ба наздикӣ хиёбони мазкур дорои 67 адад автомобилҳои нав шуд. Табиист, ки иқтидори мусофиркашонӣ зиёд гардид, масофаи ҳаракати автобусҳо кам шуд.

    Шахсони масъул дар бораи бозсозии Нақшаи генералии нақлиёти шаҳри Тошканд маълумот доданд. Қайд гардид, ки он дар асоси таҳлили вусъати шаҳр ва афзудани мусофирон коркард шудааст ва 167 хатсайрро дар бар мегирад. Дар 17-тои онҳо тартиби муайянкунии нақшаи шабонарӯзӣ бекор карда, ин хатсайрҳо ба низоми ҳисобу китоб мувофиқи масофаи тайшуда гузаронида шуданд. Моҳҳои июн-июл 150 хатсайри боқимонда низ аз тариқи тендерҳо ба ин низом мегузарад. Дар натиҷа низомнокии хатсайрҳо таъмин гардида, сифати хидматрасонӣ беҳтар мешавад.

    Таҷрибадории ронандагон низ аҳамияти муҳим дорад. Вобаста ба ин дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва марказҳои дигари таълимӣ кори омӯзондан ва бозомӯзонии ронандагон ба роҳ монда шуд. Музди меҳнати ронандагони автобусҳо ду баробар зиёд гардид, аз оғози сол беш аз ду ҳазор ронанда ба кор қабул шуданд.

    Роҳбари давлат муҳимияти ба роҳ мондани хидматрасонии босифати автобусҳоро таъкид намуд, бобати ба тартиб андохтани низоми пардохт барои сафар, рақамикунонии идораи ҳаракат ва беҳтар кардани шароит дар истгоҳҳо супоришҳо дод.

    – Автобусҳои нав, бешубҳа, барои мусофирон қулаиҳои иловагӣ фароҳам оварданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Вазифаи минбаъда кам кардани тирбандӣ дар роҳҳо ва таъмин намудани ҳаракати озоди автобусҳо аст. То ба 2 миллион мусофир зиёд кардани фарогирии нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тошканд мақсади ниҳоӣ ба шумор меравад.

    Президент ба автобус нишаст ва бо мусофирони оддӣ бинобар хати ҳаракат сайр намуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates