Президент аз корхонаи саноатие, ки ба наздикӣ дар Ҷиззах сохта ба истифода супурда шуд, боздид ба амал овард

    Ҳукумат 10 Fevral 2023 4803

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхона дар минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» шинос гардид.

    Пештар вилояти Ҷиззах минтақаи аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Алҳол саноат дар ҳар кадом ноҳия ҳамаҷониба инкишоф меёбад.

    Ҳоли ҳозир дар минтақаи иқтисодӣ 27 лоиҳа татбиқ гардид ва тақрибан 5,3 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил ёфтанд. Солҳои охир фаъолияти он вусъат пайдо кард ва дар ин ҷо кори тиҷорат хеле беҳтар шуд. Алҳол корхона номгӯйи зиёди молҳои саноатӣ истеҳсол менамояд.

    Моҳи октябри соли 2022 дар минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаи қаннодии «Iruskon» ба кор шурӯъ кард. Роҳбари давлат ҷараёни технологӣ ва маҳсулоти онро аз назар гузаронид.

    Дар ин ҷо бинобар таҷрибаҳои Русия, Туркия, Олмон ва Италия маҳсулоти қаннодӣ таҳти тамғаи «Deya» истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи он 12 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Тақрибан 100 нафар бо кор таъмин шудаанд. Барои ба истифода супурдани давраи дуюм соли оянда овардани таҷҳизоти иловагии арзишашон 5 миллион доллар аз Олмон ва Туркия пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи он боз 550 ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳанд шуд.

    Боз як корхонаи минтақаи озоди иқтисодӣ – ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Master Building Products» аст. Вай соле 3 миллион адад ғӯла, фитингҳо ва маводи сохтмон истеҳсол мекунад. Тақрибан 600 ҷойи корӣ ташкил гардид. Роҳбари давлат бо шоу-руми корхона шинос шуд.

    Корхонаи муштараки ӯзбекистониву куриёии «Global Optical Communication» метавонад соле 85 ҳазор километр маҳсулоти кабеливу ноқилҳо истеҳсол кунад. Дар ин ҷо 115 нафар кор мекунанд.

    Президент дар ҷараёни боздид аз корхона бобати баланд бардоштани дараҷаи ҳудудикунонӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотиву содиротӣ тавсияҳо дод.

    Алҳол дар минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» боз 14 лоиҳа татбиқ мегарданд, ки 5-тои онҳо соли равон ба истифода супурда хоҳанд шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates