Президенти Федератсияи байналмилалии автомобилӣ (FIA) ба Самарқанд омад

    Барои нахуст конфронси FIA 2024 дар Осиёи Марказӣ - дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад. Рӯзи 9 июн президенти FIA Муҳаммад бин Сулайм барои ширкат дар конфронс ва дигар чорабиниҳо ба шаҳр омад.

    Дар аэропорти байналхалқии Самарқанд меҳмононро ходимони давлатии ҷумҳурӣ ва вилоят пешвоз гирифтанд.

    Дар доираи конфронс, Ассамблеяи генералии ғайринавбатии FIA 2024 баргузор мешавад.

    Чорабинӣ дар маркази конгрессҳои маҷмааи сайёҳии Роҳи абрешим баргузор мешавад. Дар он зиёда аз 500 намоянда аз 147 мамлакат иштирок мекунанд.

    Барои маълумот: FIA - Федератсияи байналмилалии автомобилӣ, соли 1904 таъсис ёфтааст. Федератсия 147 кишвари узви панҷ қитъаро дар бар мегирад ва мақоми роҳбарикунандаи варзиши ҷаҳонии автомобилӣ ва инчунин федератсияи пешбари созмонҳои ҳаракат дар ҷаҳон мебошад.



    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates