Лого Лого-пв-уз

    Президент: Ҳифзи риштаҳои дӯстиву бародарӣ, фазои сулҳу субот – вазифаи умумии мо

    Ҳукумат 3 Iyul 2022 1382

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл ба шаҳри Нуқус ташриф овард.

    Чунон ки маълум аст, дар ин рӯзҳо дар мамлакати мо муҳокимаи ислоҳоти конститутсионӣ давом дорад. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба парлумон салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ дода шудааст. Аммо Президент пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонуни дахлдор дар муҳокимаи умумихалқӣ баррасӣ гардида ва бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда шавад.

    Аммо дар баъзе мавридҳо дар шарҳи моҳияти ин масъала нофаҳмӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, як гурӯҳ одамон аз баъзе нормаҳое, ки дар лоиҳа нисбат ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон пешбинӣ шудаанд, норозигӣ баён карданд. Дар натиҷа 1 июли соли ҷорӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳри Нуқус намоишҳо ташкил карда шуданд. Кӯшиши ғайриқонунӣ забт кардани биноҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат гирифтааст.

    Ба ин муносибат сарвари давлат ба шаҳри Нуқус омад ва бо депутатҳои Ҷоқарги Кенес ва намояндагони ҷомеаи Қароқалпоқистон мулоқот анҷом дод.  

    Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки ислоҳоти конститутсионӣ масъалаест, ки барои ҳаёти имрӯза ва фардои Ватанамон аҳамияти фавқулодда муҳим дорад.   Дар рафти муҳокима халқи сермиллати мо таклифу тавсияҳои зиёд ба миён мегузорад.

    Тибқи тартиб, лоиҳаи эълоншудаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешавад. Пас аз он, дар асоси фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон, онро Палатаи қонунгузорӣ ба итмом мерасонад. Сипас лоиҳа ба раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод карда мешавад ва шаҳрвандони мо дар ин масъала бо роҳи овоздиҳии озод иродаи худро баён мекунанд. Танҳо баъд аз он тағйироту иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридшаванда хусусияти ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

    – Хулоса, ин раванд то он даме, ки барои такмили Конститутсияи навшуда лозим аст, давом мекунад. Дар ин кор мо танҳо бо машварат кардан бо халқамон амал хоҳем кард, – гуфт Президент.

    Лоиҳаи мазкури Қонуни конститутсионӣ, ки ба таваҷҷуҳи мардуми мо пешниҳод шудааст, ҳанӯз қабул нашуда, танҳо ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шудааст. Аз ин рӯ, сарвари давлатамон зарур шумурд, ки бо назардошти хусусиятҳои этникӣ, фарҳангӣ, урфу одат ва арзишҳои миллӣ, мақоми махсуси ҳуқуқии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар лоиҳа меъёрҳои марбут ба мақоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бетағйир мононда шавад. Яъне моддаҳои 70, 71, 72, 74, 75-и Конститутсия бетағйир боқӣ хоҳанд монд.

    – Бори дигар такрор мекунам: эҳтиёткорона ҳифз намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ, ризоият ва эҳтироми ҳамдигар, ки дар тӯли асрҳо миёни халқҳои ӯзбеку қорақалпоқ ташаккул ёфтааст, фазои сулҳу суботи дар кишварамон ҳукмфармо қарзи умумии мост. Мо Ӯзбекистони Нав, Қароқалпоқистони Навро албатта якҷоя бунёд мекунем, – таъкид кард сарвари давлатамон.

    Қайд гардид, ки тамоми ислоҳот ва муҳокимаи онҳо, албатта, бояд дар асоси тамоюлҳои демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ сурат гирад.

    Дар баробари ин ба онҳое, ки сулҳу осоиш ва бехатарии ҷамъиятиро халалдор карданӣ мешаванд, мувофиқи қонунгузорӣ чораҳои қатъӣ дида мешаванд. Ҷумҳурии Ўзбекистон барои таъмини амалии тамоюли “Қонун аз ҳама волост, барои ҷиноят ҷазо муқаррар”  қувваву имкониятҳои кофӣ дорад.

    Президент тамоми ҳамватанони моро даъват намуд, ки ҳамҷиҳату муттаҳид шуда, бо ақли солим кор пеш баранд, ба иғвоҳои мухталиф ва ҳаракатҳои ғаразнок дода нашаванд.

    Дар рафти мулоқот  депутатҳои Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон,  намояндагони ҷомеа ба сухан баромада, ба тарафдории бародарӣ ва ягонагии халқи мо ибрози назар карданд.

     

    No date selected
    August 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates