Суруди даъват ба ҳамоиши бузурги варзишӣ садо дод. Ба варзишгоҳ варзишгарон ва дастаҳое, ки дар марҳилаҳои минтақавӣ пирӯз шудаанд, ҳамчунин чемпионҳои ҷаҳон, Осиё ва Бозиҳои олимпӣ ворид шуданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ намуд.

– Имрӯз дар ҳамин Шаҳраки Олимпии бошукӯҳ, ки рамзи Ӯзбекистони Нав мебошад, мо бо шумо ба бозиҳои Олимпиадаи Президент оғоз мебахшем. Ин ҷашни варзишӣ, ки бори аввал дар кишвар баргузор мешавад ва тамоми ҷавонони мамлакатро дар атрофи ғояҳои некбинонаи ҳаракати олимпӣ муттаҳид месозад, барои ҳамаи мо муборак бошад! – гуфт роҳбари давлат.

Аз рӯзҳои нахустини ислоҳот дар қатори тамоми соҳаҳо, ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам таваҷҷуҳи бузург дода мешавад.

Дар ҳашт соли охир маблағҳои солонае, ки аз буҷет ба варзиш ҷудо мешаванд, аз 250 миллиард сӯм то ба 3 триллион сӯм афзуданд, маоши миёнаи мураббиёни варзиш 7 баробар зиёд шуд, беш аз 250 иншооти бузурги варзишӣ бунёд гардиданд ва қариб 100 иншоот бозсозӣ шуданд.

Дар маҳаллаҳо, хусусан дар деҳаҳои дурдаст, тақрибан 2 ҳазор майдончаҳои варзишӣ қад афрохтанд, 14 маркази Олимпӣ ва Паралимпӣ пурра бо инфрасохтори муосир таъмин гардиданд.

Ин корҳо барои пешрафти варзиши кишвар дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷой гирифтани Ӯзбекистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи варзишӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Аз ҷумла, варзишгарони далеру шуҷои мо дар Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Париж натиҷаҳои воқеан баланд нишон дода, мақоми 13-умро ишғол карданд. Ҳамчун идомаи ин пирӯзиҳо, соли ҷорӣ ҷавонони мо дар Универсиадаи ҷаҳонӣ ҷойи 13-ум, дар Бозиҳои ҷавонон дар Баҳрайн ва Мусобиқаҳои ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ ҷойи ифтихории дуюмро ба даст оварданд.

Бахусус, беш аз 50 натиҷаи рекордии писару духтарони мо дар Бозиҳои ҷаҳон, Осиё ва Олимпӣ, мақом ва нуфузи кишварамонро дар ҳаракати олимпии байналмилалӣ боз ҳам равшантар намуд.

Дастаи миллии футболи Ӯзбекистон бори аввал ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт ва ин воқеаи таърихие шуд, ки халқ 34 сол боз интизор буд.

– Бешубҳа, таърихи варзиши Ӯзбекистони Навро садҳо ҷавонони боирода, шуҷоъ, боматонат ва дорои иқтидори бузурги зеҳнии мо меофаранд. Ба чунин қаҳрамонҳои варзишии мо шону шараф бод! Бигзор парчами Ватани азизамон болои сари онҳо ҳамеша парафшон бошад! – гуфт Президент.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар ҷаҳон дар радифи дигар соҳаҳо, дар олами варзиш низ мубориза ва рақобат шадидтар шудааст. Ин тақозо менамояд, ки низоми омодагӣ ба мусобиқаҳои бонуфуз, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, боз ҳам такмил дода шавад.

Барои аз поёнтарин сатҳ — маҳалла оғоз кардани ин корҳо, имсол ба низоми гузаронидани мусобиқаҳои оммавии варзишӣ дар панҷ марҳила гузашта, 15 миллион аҳолиро фаро гирифтем. Бо шарофати таваҷҷӯҳ ба варзиши адаптив, дар се соли охир шумораи варзишгарони параварзиш қариб 7 баробар афзуда, беш аз 70 ҳазор шахси дорои имконияти маҳдуд ба варзиши оммавӣ ҷалб карда шуд.

Аз ҳисоби рақамигардонӣ ва баланд бардоштани шаффофияти соҳа, писару духтарони 10 ҳазор мактаб ва 9 ҳазор маҳалла имкони намоён кардани истеъдоди худро пайдо намуданд.

Акнун барои интихоб ва ба варзиши калон роҳнамун кардани истеъдодҳои беҳтарин низоми комилан нав — Бозиҳои Олимпиадаи Президент оғоз ёфтанд.

Дар марҳилаҳои ноҳиявию вилоятии мусобиқа беш аз 100 ҳазор ҷавонон аз маҳфилҳои варзишии мактабҳо, клубҳои хусусӣ ва 310 мактаби варзишӣ иштирок карданд.

Беш аз 3 ҳазор хонандагони беҳтарин ба Олимпиадаи Президент роҳхат гирифтанд. Онҳо дар 10 намуди варзиш рақобатро оғоз карданд.

Ғолибон бо ҷоизаҳои махсус ва мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо бевосита ба дастаҳои мунтахаб равона карда мешаванд.

Барои идомаи омодагии босифат, онҳо ба марказҳои Олимпӣ ва Паралимпӣ қабул мешаванд ва ба ҳар яке стипендия дода мешавад.

Бо як сухан, минбаъд Олимпиадаи Президент ҳар сол гузаронида шуда, истеъдодҳои навро кашф мекунад ва ба як низоми муассири селексия табдил меёбад.

Аз соли оянда дар намуди варзиши обӣ, велосипедронӣ, триатлон, шамшербозӣ ва бозиҳои даставӣ низ мусобиқаҳо гузаронида шуда, шумораи намудҳои варзиш дар Олимпиадаи Президент ба 20 расонида мешавад.

Соли 2026 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, соли 2027 — Чемпионати ҷаҳонии футбол миёни ҷавонони то 20-сола ва соли 2029 — Бозиҳои осиёии ҷавонон дар Ӯзбекистон доир мегардад.

– Чунин мусобиқаҳои бузург барои халқи мо, бахусус ҷавонон, ҷашн ва мактаби бузурги маҳорат мешаванд, нуфузи байналмилалии мамлакати моро ҳамчун диёри дӯстӣ ва ҳамкорӣ боз ҳам боло мебардоранд. Низоми Олимпиадаи Президент бошад, бешубҳа имконият медиҳад, ки варзишгарони нодир барои чунин мусобиқаҳо интихоб шаванд, бахусус, барои афзудани шумораи роҳхатҳо аз ҳар як минтақа ба Бозиҳои Олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес мусоидат менамояд, – гуфт Президент.

Сипас роҳбари давлат барои эълони хабари хуш дар суханронӣ каме танаффус кард. Хабар дар бораи дар финали Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот пирӯз шудани гроссмейстери ҷавони мо Ҷавоҳир Синдаровро тамошобинон бо кафкӯбиҳои пуршукӯҳ истиқбол карданд.

Президенти мамлакат сухани худро идома дода, ба аҳамияти тарбиявии варзиш таваққуф намуд. Таъкид шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки ҳар гуна ғояҳои зарарнок ва таъсирҳои манфӣ зиёд мешаванд, тарбияи дурусти ҷавонон аҳамияти ҳалкунанда пайдо менамоянд.

– Ман дар ин ҷабҳа ба шумо — варзишгарон, собиқадорон ва мураббиёни муҳтарам, ки тарбияро аз варзиш ва варзишро аз тарбия ҷудо тасаввур намекунед, такя мекунам, – гуфт Президент.

Дар анҷом, Президент ба иштирокдорони Олимпиада омад ва муваффақият таманно кард.

Ба варзишгоҳ Парчами давлатии Ӯзбекистонро бароварданд ва афрохтанд, Суруди миллӣ садо дод.

Машъали олимпӣ афрӯхта шуд ва ҷашни бузурги варзишӣ оғоз ёфт. Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии театрикунонидашуда идома кард.

Пас аз маросим, Президент Шавкат Мирзиёев бо шоҳмотбоз Ҷавоҳир Синдаров мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Роҳбари давлат гроссмейстерро бо пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Ҳиндустон доир шуд, аз номи худ ва тамоми ҳамватанон табрик намуда, таъкид кард, ки ин воқеаи таърихӣ тамоми мардумро хушҳол кард. Ба варзишгари ҷавон дар Турнири довталабон, ки соли оянда дар Кипр баргузор мегардад, комёбиҳо орзу намуд.