Президентони ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, расман бинои нави намояндагии дипломатиро ифтитоҳ намуданд.

Роҳбарон бо маҷмааи бузург шинос шуданд, ки он биноҳои маъмурии сафорат ва шуъбаи консулӣ, қароргоҳи сафир, инчунин биноҳои истиқоматиро барои дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо дар бар мегирад.

Дар анҷоми маросим президентҳо дар Дафтари меҳмонони фахрӣ ёддошт гузошта, дар ҳудуди сафорат дарахт шинонданд.

Ин рӯйдод боз як нишонаи равшани омодагии дуҷониба барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гардид.