Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ба Ӯзбекистон омад

    Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, 28 октябр Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ҳамроҳи ҳамсараш бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон омад.

    Меҳмони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Мувофиқи барномаи сафар дар шаҳри Тошканд музокироти сатҳи олӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Сербия баррасӣ мегардад.

    Инчунин, Александр Вучич ҳамчун меҳмони фахрӣ дар 43-умин сессияи Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки ин ҳафта дар шаҳри Самарқанд оғоз мешавад, ширкат хоҳад кард.