Сарвари давлат дар номаи худ изҳори итминон кард, ки шарикии бисёрҷанба ва дарозмуддати кишварҳои мо дар тамоми самтҳои афзалиятнок ба сатҳи баландтар хоҳад рафт.
«Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ бо кишвари шумо, ки зарфияту имкониятҳои бузург дошта, солҳои охир босуръат рушд карда истодааст, пайваста ва пурсамар густариш ёбад».