Сарвари кишвари мо дар чорабиниҳои мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар мақоми нозир ширкат мекунад.
Ба рӯзномаи нишастҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ин созмонҳои бисёрҷониба шомиланд. Натиҷаҳои асосии кори муштарак ҷамъбаст карда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ дар соли оянда табодули афкор сурат мегирад.