Президент Шавкат Мирзиёев дар сессияи Ҷокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон иштирок намуд

    Ҳукумат 26 Avgust 2022 7031

    26 август дар шаҳри Нуқус сессияи ғайринавбатии 34-уми Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон баргузор гардид.

    Ҷамъомадро муовини раиси Жокарги Кенес Атабек Давлетов кушод. Котиботи сессия интихоб гардида, рӯзномаи маҷлис тасдиқ шуд. Ба он ду масъалаи ташкилӣ дохил гардид.

    Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Мурат Камалов дар бораи пеш аз муҳлат хотима ёфтани ваколаташ бинобар беморӣ ариза дод.

    Масъалаи мазкур ба овоз гузошта шуда, бинобар моддаи 83 Қонуни асосии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон қарор дар бораи пеш аз муҳлат хотима ёфтани ваколати Раиси Жокарги Кенес Мурат Камалов ва аз вазифааш озод намудани ӯ қабул гардид.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаи интихоби Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон муҳокима гардид. Бинобар қонунгузории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, номзадро ба ин вазифа Шӯрои куҳансолон, ки аз депутатҳо иборатанд, тавсия мекунанд. Бинобар ин Шӯрои куҳансолон ташкил ёфт.

    Пас аз машварат аъзои шӯро ба вазифаи Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон номзадии Оринбаев Аманбай Тлеубаевичро тавсия намуданд.

    Дар сессия Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.

    Роҳбари давлат дар баромади худ таъкид кард, ки ба сифати Президент нисбат ба дигар минтақаҳо аз Қароқалпоқистон бештар, яъне нуҳ маротиба боздид намуда, дар ҷараёни он чандин маротиба бо куҳансолон, соҳибкорон, вакилони ҷавонон табодули афкор намуд.

    Дар ин давра 31 фармон ва қарор қабул гаштааст, ки ба рушди ҳаматарафаи Қароқалпоқистон нигаронда шудааст. Миқдори воҳидҳои соҳибкорӣ дар минтақа ду баробар афзуда, қариб 4,5 ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ роҳандозӣ гаштааст.

    Дар Қароқалпоқистон таъминоти оби ошомиданӣ аз 40 то 68 фоиз афзуда, фарогирӣ бо таълими томактабӣ аз 32 то 76 фоиз, даромад ба ҳар сари аҳолӣ ду баробар афзудааст. Солҳои 2017-2021 26 ҳазору 400 бинои иқоматӣ сохта шудааст.

    Аммо сарфи назар аз тамоми кӯшишот ва маблағи зиёде, ки барои Қароқалпоқистон ҷудо мешавад, то ҳанӯз мушкилот дар чунин масъалаҳо мисли оби ошомиданӣ, роҳҳои дохилӣ, таъминоти электр, бекорӣ, нархи наво вуҷуд доранд, бо нигоҳи танқид изҳор кард Президент.

    Роҳбари давлат пешниҳод кард, ки пеш аз баррасии номзади пешниҳодшуда фикру назари номзад бинобар тараққиёти минтақа шунида шавад.

    Номзад пешниҳодоти худро оид ба рушди соҳибкорӣ, соҳаи аграрӣ ва инфрасохтори Қароқалпоқистон, афзоиши миқдори лоиҳаҳои саноатӣ, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, таълим ва дастгирии ҷавонон баён намуд.

    Президент ин нақшаҳоро дастгирӣ намуд ва супориш дод, ки бо мақсади тадбиқи онҳо ставкаи андози даромад, аз табодул, барои моликият ва андози замин дар Қароқалпоқистон ду баробар кам карда шавад.

    Дар бобати коҳиши майдонҳои кишт барои пахта ва ғалладона бо ҷудо намудани ду гектарӣ замин барои ҳар як хонавода, дар Нуқус ташкил намудани технопарки индустриалӣ ва минтақаҳои соҳибкорӣ дар ноҳияҳо, таъмири роҳ, беҳсозии таъмини электр ва газ супоришҳо дода шуд.

    Президент Шавкат Мирзиёев бо назардошти истеъдоди пешвоӣ, ватандӯстӣ ва сифатҳои инсонии Аманбай Оринбаев ба номзадии ӯ изҳори ризоият намуд.

    Вазифаи ягонаи шумо – қаноатманд намудани мардум. Аз ҳар як ноҳия, деҳа ва авул боздид намуда, барои аҳолӣ шароити муносиб бояд фароҳам овард, - гуфт роҳбари давлат.

    Депутатҳои Жокарги Кенес ва вакилони ҷамъият назари худро ба дастгирии номзад баён намуданд.

    Комиссияи ҳисобу китоб ташаккул дода шуд. Бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ Аманбай Оринбаев бо як овоз Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон интихоб гардид.

    – Ҳамин тариқ, боварии калон изҳор намуда, бо умеди зиёд ба оянда мо Раиси навро интихоб намудем, – гуфт Президент. – Акнун вай адолат, садоқат, масъулият, тартиб ва интизомро меҳвари фаъолияти худ бояд қарор диҳад. Халқи мо олиҳиммат аст. Ватан – ягона! Фақат муттаҳид гардида, мо албатта ба қуллаҳои баланди муайянкарда ноил мегардем.

    Бо ҳамин сессияи Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон кори худро анҷом дод.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates