Натиҷаҳои кори муштарак дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон ва масъалаҳои омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи Созмон баррасӣ шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давоми як соли охир шарикии бисёрҷонибаи кишварҳои туркӣ ривоҷи нав пайдо кард. Зиёда аз 100 чорабиниҳо гузаронида шуда, як қатор платформаҳои нави ҳамкории амалӣ таъсис дода шуданд.
Ўзбекистон низ узви комилҳуқуқи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби СДТ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисоди “сабз”, сармоягузорӣ, инноватсия, нақлиёт ва логистика, сайёҳӣ, экология, сиёсати ҷавонон ва оммавигардонии мероси фарҳангию таърихии халқҳои туркзабон баррасӣ шуданд.