Ташрифи амалии Президент Шавкат Мирзиёев ба Русия анҷом ёфт

    Ҳукумат 27 Dekabr 2022 5250

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 декабр дар нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок кард.

    Роҳбарон натиҷаҳои ҳамкориҳои муштаракро дар соли ҷорӣ ҷамъбаст намуда, вазифаҳои афзалиятноки соли 2023-ро баррасӣ карданд. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Имрӯз, 27 декабр Президенти кишварамон ҳамроҳи сарони кишварҳои узви ИДМ аз Осорхонаи давлатии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург дидан карда, меҳмонон бо экспонатҳо ва осори санъатии фонди осорхона шинос шуданд ва инчунин мулокоти ғайрирасмӣ барпо гардид.

    Бо ҳамин сафари кории сарвари давлатамон ба анҷом расид ва ӯ аз фурудгоҳи байналмилалии «Пулково» ба Тошканд парвоз кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates