Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Туркманистон меравад

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 11-12 декабр бо сафари корӣ ба ин кишвар меравад.

    Тибқи рӯзномаи сафар, роҳбари мамлакати мо дар форуми байналмилалӣ, ки ба муносибати 30-солагии эълон гардидани бетарафии доимии Туркманистон, Рӯзи байналмилалии бетарафӣ ва бахшида ба чун «Соли байналмилалии сулҳ ва роҳи эътимод» эълон гардидани соли 2025 гузаронида мешавад, иштирок хоҳад кард.

    Дар чорабинӣ, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор мегардад, роҳбарони давлат ва ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ иштирок хоҳанд намуд.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сессияи умумии форум таҳти унвони «Сулҳ ва эътимод: муштаракии ҳадафҳо дар роҳи ояндаи устувор» суханронӣ менамояд.

    Роҳбари Ӯзбекистон дар ҳошияи саммит инчунин як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.