Дар пойгоҳи ҳавоии «Эндрюс» Сарвари давлати моро муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, раиси Палатаи савдои Амрико ва Ӯзбекистон Кэролин Лэмм ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосии сафар 5–6 ноябр баргузор мегарданд. Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуда, дар нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар шакли «C5+1» иштирок хоҳад кард.
Дар барномаи сафар ҳамчунин музокирот бо намояндагони Конгресс ва ҳукумати ИМА, вохӯриҳои ҷудогона бо роҳбарони ширкатҳои пешбари амрикоӣ ва баргузории суҳбати “мизи мудаввар” бо соҳибкорон пешбинӣ шудаанд.












