Ҷонибҳо рамзияти ҷаласаи навбатиро, ки дар арафаи моҳи муқаддаси Рамазон ва 30-солагии Шартнома оид ба дӯстии абадӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар баргузор мешавад, таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ рушди босуръати муколамаи сиёсӣ ва ҳаммонандии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ зикр гардид.

Дар бораи идомаи дастгирии мутақобил дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони давлатҳои туркӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳо мувофиқа ҳосил шуд.

Робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ, фаъол гардиданд.

Ҳаҷми савдои мутақобил, шумораи корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо бо ширкатҳои пешрафтаи Туркия пайваста афзоиш меёбанд.

Вазифа гузошта шуд, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол то 5 миллиард доллар, аз ҷумла тавассути васеъ намудани рӯйхати молҳо дар доираи Созишнома оид ба савдои имтиёзнок расонида шавад.

Дар ҷараёни омодагӣ ба сафар самтҳои нави афзалиятноки ҳамкории саноатӣ муайян гардиданд, ки дар асоси як барномаи алоҳида амалӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин иқтидори бузурги ҳамкории байниминтақавӣ таъкид гардид. То охири сол ҳайатҳои ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистон бо мақсади ташаккули бастаи лоиҳаҳо бо минтақаҳои шарик ба Туркия сафар хоҳанд кард.

Зарурати ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи туркӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, боғдорӣ, тандурустӣ ва сайёҳии тиббӣ таъкид шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, баргузории ҷашнвораҳои театрӣ ва ҳафтаҳои фарҳанг, истеҳсоли муштараки филмҳои таърихӣ ва барқарорсозии объектҳои мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Бо мақсади амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мувофиқа гардид, ки баҳори соли ҷорӣ дар шаҳри Бухоро Форуми чоруми ректорон баргузор карда шавад.

Инчунин маърӯзаҳои ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба самтҳои ояндадори шарикии бисёрҷанба шунида шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа ба ҳукуматҳо супориш дода шуд, ки оид ба татбиқи қарорҳои қабулшуда «харитаи роҳ»ро тасдиқ намоянд.

Дар фарҷом Шавкат Мирзиёев Реҷеп Таййип Эрдоғанро даъват намуд,  ба Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ташриф оварад.