Президенти Ӯзбекистон муҳимияти тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Русияро дар соҳаи нафту газ таъкид намуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 май раиси раёсати ширкати русии «Газпром нефть» Александр Дюковро, ки дар доираи барномаи Форуми байналмилалии «Нафту гази Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

    Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо яке аз ширкатҳои пешбари Русия дар соҳаи маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Имкониятҳои амиқтар кардани кооператсия дар самти интиқоли маҳсулоти нафтӣ, азхудкунии конҳои душвортаркаш ва рақамисозии соҳа баррасӣ шуданд.


    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates