Дар чорабинӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳои асосии фаъолияти муштарак дар соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, вазифаҳои афзалиятнок барои соли оянда муайян карда шуданд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аҳамияти идомаи ташаккули шароити мусоид барои афзоиши гардиши молҳои мутақобила, амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, ҳавасмандгардонии рушди сармоягузориҳои мутақобила ва дастгирии лоиҳаҳои кооператсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва рақамисозӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг ва санъат, инчунин рушди шарикии дарозмуддат байни минтақаҳо таъкид гардид.
Ҳамчунин зарурати ҳифз ва рушди мубодилаи фарҳангӣ-башардӯстона байни кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дастгирии рушди иқтидори эҷодӣ, инноватсионӣ ва зеҳнии ҷавонон зикр шуд.