Президенти Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи “Бозиҳои оянда” иштирок кард

    Ҳукумат 22 Fevral 2024 3741

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии ифтитоҳи нахустин мусобиқаи байналмилалии мултиспортии «Бозиҳои оянда» дар шаҳри Қазон ширкат кард.

    Дар чорабинӣ, ки дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Қазон баргузор шуд, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонони хориҷӣ ширкат доштанд.

    Ба таваҷҷуҳи иштирокдорон видео лавҳа ва намоиши театрӣ оид ба намудҳои варзише, ки ба барномаи «Бозиҳои оянда» дохил карда шудаанд, пешкаш гардид.

    Сарвари давлатамон ба иштирокчиён муваффақият таманно намуда, пешниҳод намуд, ки “Бозиҳои оянда” соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

    Баъди маросим меҳмонони олимақом намоишгоҳи тематикиро тамошо карданд. Дар бораи консепсияи «варзиши фиджиталӣ», ки мусобиқаҳо дар фазои виртуалӣ ва варзиши классикиро муттаҳид мекунад, маълумот дода шуд.

    Раҳбарон мусобиқаҳои киберспорт, ҷараёни тамрин оид ба футболи фиджиталиро тамошо карда, бо як қатор ашёву стендҳои бадеӣ, ки аз рушди имрӯза ва дурнамои самти нави варзиш нақл мекунанд, шинос шуданд.

    "Бозиҳои оянда" намоиши варзишии баландтехнологӣ буда, мусобиқаҳои гибридии варзишӣ дар намудҳои классикии варзиш ва шабеҳҳои рақамии онҳоро дар бар мегирад. "Бозиҳо" аз 21 феврал то 3 марти соли 2024 баргузор мешаванд.

    Дар ин мусобиқот тақрибан 300 даста аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон ширкат доранд. Ҳамватанони мо дар чунин намудҳои варзиш, аз қабили хоккейи фиджиталӣ, пойгаи виртуалии велосипедронӣ, барномасозии варзишӣ баромад хоҳанд кард.