Сарвари кишвари мо ба роҳбари Туркия саломатии бардавом, некӯаҳволӣ, дастовардҳои бузург дар фаъолияти давлатӣ, сулҳ ва шукуфоӣ ба мардуми бародари турк таманно кард.

Президентҳо ҳамчунин якдигарро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон, ки барои тамоми уммати мусалмон муқаддас мебошад, самимӣ табрик намуданд.

Масоили амиқтар намудани шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Туркия дар партави татбиқи тавофуқоти сатҳи олӣ, ки моҳи январ дар шаҳри Анқара ба даст омада буданд, баррасӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки сатҳи кунунии ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар марҳалаи хеле баланд қарор дорад. Қайд гардид, ки натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкории стратегие, ки чанде пеш баргузор шуд, муносибатҳои дуҷонибаро ба марҳалаи нав баровард.

Ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ бар асоси «харитаҳои роҳ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин оид ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дар пешистодаро баррасӣ карданд.