Ин марказ дар ҳамоҳангсозии равандҳои истеҳсолӣ дар фабрикаҳои якум, дуюм ва сеюми ғанигардонии мисии комбинат, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини мониторинги бефосила нақши муҳим мебозад.
Бо истифода аз системаҳои муосири рақамии идоракунӣ, экранҳои бузурги назоратӣ, воситаҳои назорати видеоӣ, инчунин платформаҳои Siemens PCS 7 ва AVEVA PI Vision, равандҳои майдакунӣ, флотатсия, ғафскунӣ, филтратсия, таъминот бо реагентҳо ва оби технологӣ, инчунин фаъолияти сехҳо ва низоми нақлиёт дар вақти воқеӣ назорат карда мешаванд.
Ба ибораи дигар, ин марказ гӯё «мағзи» фабрика мебошад: ба низоми ягонаи иттилоотӣ беш аз бист ҳазор воҳиди таҷҳизот пайваст шудааст. Камераҳои «ҳушманд» мониторинги аввалияро анҷом медиҳанд ва зеҳни сунъӣ ҳолатҳои ғайримуқаррариро ба таври худкор муайян мекунад. Ин имконият медиҳад, ки маълумот ба таври фаврӣ таҳлил шуда, қарорҳо қабул карда шаванд.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти марказ, Президент ба имкониятҳои бузурги зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ, махсусан дар соҳаҳои кӯҳкорӣ ва металлургия ишора намуд. Ҳамзамон, ба зарурати васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосири сарфакунандаи захираҳо ҷиҳати истифодаи оқилонаи манбаъҳои об диққати махсус дода шуд.
Дар ҳамин ҷо ба сарвари давлат нақшаҳо оид ба рақамикунонии минбаъдаи равандҳои истеҳсолӣ ва технологӣ дар комбинат муаррифӣ гардиданд.
Тавре зикр шуд, ҳамаи марҳилаҳо — аз истихроҷи маъдан дар кон то истеҳсоли маҳсулоти тайёр — пайдарпай рақамӣ кунонида мешаванд. Дар панҷ соли наздик қарор аст, ки дар ҳар як марҳила қарорҳои ба зеҳни сунъӣ асосёфта ба таври васеъ ҷорӣ карда шаванд.
Ҳамчунин маълумот дар бораи ҷараёни рақамикунонии конҳо дар асоси маълумоти геологӣ ва маркшейдерие, ки дар тӯли ҳаштод сол ҷамъоварӣ шудаанд, пешниҳод гардид. Аз ҷумла, низоми «Кони рақамӣ» имкон медиҳад, ки самтҳои корҳои кӯҳӣ барои як рӯз, як ҳафта ва як моҳ ба таври дақиқ муайян карда шаванд.
Дар асоси зеҳни сунъӣ ҳолати роҳҳои кон назорат карда мешавад, инчунин фишор ва ҳарорати шинаҳои самосвалҳо бо ёрии датчикҳо пайгирӣ мегардад. Ба шарофати чунин мониторинги доимӣ, муҳлати хизмати шинаҳо 14 фоиз зиёд шудааст.
Таъкид шуд, ки омода намудани мутахассисон, ки технологияҳои муосирро амиқ аз худ кардаанд, инчунин омӯзонидани кадрҳо ба усулҳои нави кор ва қарорҳои рақамӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок боқӣ мемонад.
Ба густариши фаъолияти патентӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зарурати патенткунонии қарорҳои илмӣ-технологие, ки дар ҳар як марҳилаи фаъолияти фабрика татбиқ мешаванд, тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ваколатдор дар ин самт ва муайян намудани самтҳои дурнамодори инноватсионӣ қайд карда шуд.
Тавре таъкид гардид, ҳар як патенти нав — ин технологияи нав, самти нави истеҳсолӣ ва бозорҳои нав мебошад. Бо дарназардошти он ки заминаи бойи ашёи хоми кишвари мо барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, вазифа гузошта шуд, ки равишҳои дақиқ оид ба он муайян карда шаванд, ки дар кадом самтҳои пешомаднок ва дар чӣ ҳаҷм аллакай дар соли 2026 метавон патентҳои нав ба даст овард.