баннер
22 Apr 2025
17:00

    Президенти Ӯзбекистон муҳимияти густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро таъкид намуд

    7 апрел дар ҳошияи иҷлосияи 150-уми Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғафароваро ба ҳузур пазируфт.

    Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр ба роҳбари Ӯзбекистон салом ва таманниёти неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.

    Масъалаҳои муҳими густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки дар доираи Соли ҳамкории иқтисодӣ корҳои муштараки судманд амалӣ мегарданд. Ҳаҷми гардиши савдо афзоиш меёбад, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод босуръат пеш меравад. Чорабиниҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ мунтазам баргузор мешаванд.

    Зарурати идомаи ҳамкории амалӣ ва мубодилаи фаъол дар сатҳи парлумонҳо барои назорати рафти татбиқи созишномаҳо ва таҳияи пешниҳодҳои нав барои ҳамоишҳои ояндаи сатҳи олӣ таъкид гардид.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech