Имрӯз шаҳр васеъ шуда, ба як мегаполиси бузург табдил меёбад. Солҳои охир дар ин ҷо манзилҳои нави истиқоматӣ ва объектҳои иҷтимоӣ бунёд гардида, шумораи аҳолӣ хеле зиёд шудааст. Табиист, ки дар чунин шароит зарурати зиёд кардани майдонҳои сабз, бунёди боғ ва гулгаштҳо, ҷойҳои истироҳати аҳолӣ бештар мегардад.
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббуси сарвари давлат амалӣ мешавад, ҳар сол дар вилоят зиёда аз 16 миллион ниҳоли дарахт шинонда мешавад. Дар мавсими баҳории имсол низ шинонидани 6,3 миллион ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин раванд дар тамоми минтақаҳои вилоят идома дорад.
Дар майдони 5,4 гектар, ки қаблан госпитали ҳарбӣ ҷойгир буд, бо зиёда аз 70 миллиард сӯм маблағи сарпарастӣ Боғи креативии ҷавонон ташкил гардид.
Дар ин ҷо 5 бино ва иншооте мавҷуд аст, ки ба рӯйхати мероси фарҳангӣ дохил шудаанд. Акнун аз онҳо ҳамчун китобхонаи муосири рақамӣ, маркази таълимии бисёрсоҳа, маҳфилҳои креативӣ, марказҳои зеҳни сунъӣ, моделсозии 3D, робототехника ва киберспорт истифода менамоянд. Инчунин маркази захираҳои ахборӣ, толорҳои варзишӣ ва экомузейи зеризаминӣ ташкил гардидааст.
Боғи креативии ҷавонон барои писару духтарон на танҳо ҷои истироҳат, балки муҳити мусоид барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, варзиш ва амалӣ кардани стартапҳо мебошад.
Федератсияи шоҳмоти вилоят низ дар боғи нав ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ-тармимӣ, мусобиқаҳо аз ҷониби федератсия имконият фароҳам гардидааст.
Дар боғ аттраксионҳои кӯдакона, толорҳои фитнес, тенниси рӯимизӣ, кортҳои теннис, майдончаҳои воркаут ва мини-голф сохта шудаанд. Ҳамчунин дар ҳудуд Маскани пиронсолон ва зиёда аз даҳ айвон бунёд гардидааст.
Президент нахуст бо фаъолияти Маркази омӯзиш ва имтиҳони забони олмонии «Profi deutsch» шинос шуд.
Ҷиҳати муҳими лоиҳа он аст, ки маркази имтиҳонии “Telc” дар Осиёи Марказӣ бори аввал дар Самарқанд ба кор оғоз мекунад. Ҷавонон дар марказ забони олмониро омӯхта, сертификати байналмилалии “Telc” мегиранд. Соҳибони сертификат таҳсилро дар Олмон ба таври таълими касбии дуалӣ идома дода, бо кор таъмин мегарданд. Соли ҷорӣ боз дар панҷ минтақаи мамлакат кушодани чунин маркази имтиҳон ба нақша гирифта шудааст.
Ба роҳбари давлат дар бораи корҳое, ки дар доираи лоиҳаи «Ворисони Муҳаммад ал-Хоразмӣ» анҷом дода мешаванд, маълумот дода шуд. Дар доираи лоиҳа ба донишомӯзони синфҳои 8–11 технологияҳои рақамӣ ва забонҳои хориҷӣ амиқ омӯзонида мешаванд. Ба онҳое, ки таҳсилро бомуваффақият ба анҷом мерасонанд, дар анҷом сертификатҳои махсус тақдим мегардад.
Ҳамчунин, бо корҳоии «Алоқа банк», ва Маркази машваратии Бонки миллӣ оид ба додани кредитҳои имтиёзнок ба ҷавононе, ки фаъолияти соҳибкориро оғоз мекунанд, дастгирии лоиҳаҳои стартапӣ ва лоиҳаҳои “Ибрат фарзандлари”, “Мутолаа”, “Қизлар академияси”-и Агентии корҳои ҷавонон шинос гардид.
Президент бо ҷавонон мулоқот карда, бо лоиҳаҳои онҳо шинос шуд.
– Мо дар Ӯзбекистони Нав корхонаҳои истеҳсолии баландтехнологӣ месозем ва ҷойҳои кории сердаромад таъсис медиҳем. Мо ин ҳамаро ба шумо –ҷавонони заковатманд бовар карда анҷом медиҳем. Барои ин ҳар дақиқаи шумо бояд ба ояндаатон хизмат кунад, дӯстатон китоб бошад. Ба инсон барои амиқ омӯхтани дониш ва интихоби роҳи дуруст диққат, сабр ва шавқ лозим аст. Бигзор, ин шавқи шумо хомӯш нашавад. Пешниҳодҳое, ки Шумо ба миён мегузоред, ба ғояи ислоҳоти мо мутобиқ аст ва ман барои дастгирии ҳама гуна пешниҳод ва ташаббусҳои Шумо омодаам, – гуфт Президент.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки чунин марказҳои муосири таълимӣ ва фароғатиро дар шаҳри Самарқанд бештар намоянд.