Президентҳо бо фаъолияти Технопарки пойтахт шинос шуданд

    Ҳукумат 14 Iyun 2024 1382

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл ба Технопарки шаҳри Тошканд ташриф оварданд.

    Ба меҳмони олимартаба доираи васеи маҳсулоти баландтехнологии дар корхонаҳои Технопарк, аз ҷумла аз рӯи технологияи ширкати Samsung Electronics Кореяи Ҷанубӣ истеҳсолшуда тақдим карда шуд.

    Дар маҷмааи саноатӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон бунёд ёфтааст, 16 иншооти истеҳсолӣ бо арзиши умумии 365 миллион доллар ҷойгир карда шудааст. Маркази логистикӣ имсол ба кор шурӯъ мекунад.

    Маҳсулот бо тамғаҳои хориҷӣ ва таҳти назорати онҳо истеҳсол шуда, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба 10 кишвари ҷаҳон фиристода мешавад.

    Роҳбарон аҳамияти густариши ҳамкориҳои корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар, табодули таҷриба, интиқоли технологияҳои пешрафта ва инноватсияро муҳим арзёбӣ карданд.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates