Фармон дар бораи мукофотонидани раҳбари Ӯзбекистон бо орден моҳи июли соли ҷорӣ содир шуда буд.
Президент Шавкат Мирзиёев орденро қабул карда, қайд намуд, ки ин мукофотро пеш аз ҳама ба сифати баҳои баланд ба саҳми тамоми халқи ӯзбек дар кори таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ўзбекистон ва Русия эътироф менамояд.
Қобили зикр аст, ки бо ордени Александр Невский ходимони маъруфи сиёсӣ ва ҷамъиятии хориҷӣ барои хидматҳояшон дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Федератсияи Русия ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии он сарфароз гардонида мешаванд.