Сухани табрикии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳо бахшида ба ҷашни умумихалқии Наврӯз

    Ҳукумат 21 Mart 2023 4880

    Ҳамватанони азиз! Меҳмонони муҳтарам! Дар ин рӯзи фараҳбахш, ки бо шумо дар боғи бошукӯҳи «Янги Ӯзбекистон» қарор дорем, шумо, тамоми мардуми сермиллатамонро бо фарорасии иди Наврӯз аз самими қалб табрик мегӯям.

    Имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишварамон, дар водию воҳаҳо, шаҳру деҳот, дар боғу хиёбонҳо тантанаҳои идона – сайлҳо бахшида ба Наврӯз баргузор мешаванд.

    Дар ин лаҳзаҳои мафтункунанда, ки шодию хурсандӣ аз дилҳои мо лабрез мешавад, ба ҳамаи ҳамватанон, хурду калон, эҳтироми амиқ ва орзуҳои нек изҳор менамоям.

    Аз рӯи тақвими шарқӣ соли нав муборак бод!

    Бигзор Наврӯз ба ҳамаи мо хушбахтӣ ва саодат орад!

    Дӯстони азиз!

    Имрўз ба сарзамини зархези мо Наврўз – ҷашни аҷиби бедории табиат, навсозӣ, меҳру шафқат фаро мерасад.

    Боронҳои баҳорӣ ҳосили фаровон ва серию пурӣ ваъда дода, саҳрою боғҳоро саховатмандона шодоб гардонд.

    Мо аз даргоҳи Худованди мутаъол шукр мегӯем, ки боз ҳамроҳи мардуми худ ин ҷашни дурахшонро, ки ҳар як инсон як ҷузъи ҷудонашавандаи табиат буданашро боз ҳам бештар эҳсос мекунад, бо шодӣ пешвоз мегирем.

    Муҳтарам иштирокчиёни тантана!

    Имрӯз ҳамаи мо ба хотири бунёди Ӯзбекистони Нав – ҷомеа ва давлате, ки дар он инсон озоду обод зиндагӣ мекунад, фидокорона меҳнат мекунем.

    Сохтмони Ӯзбекистони Нав қарори қатъии тамоми халқи 36 миллионнафараи мост, ки мазмуни ҳаёти онҳо гардидааст. Ва ин ҳадафи наҷиб комилан бо фалсафа ва арзишҳои Наврӯз созгор аст.

    Зеро ҳадафи асосии мо таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, шаъну шарафи ҳар як шаҳрванд, фароҳам овардани шароити муносиб барои тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар аст, то ки мардуми мо аз зиндагии худ қаноатманд бошанд.

    Дар ин роҳи муҳим мо татбиқи барномаҳои бузургеро, ки оид ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, илм, маориф ва тарбия, тандурустӣ, фарҳанг ва санъат, варзиш, ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим, муҳофизати табиат оғоз кардаем, устуворона идома медиҳем.

    Барои аз ҳар ҷиҳат шоиста шудани зиндагии мардуми Ӯзбекистон мо аз таҷриба, хирад ва дуову фотиҳаҳои собиқадорон, падарону модарони гиромӣ қувваву неру мегирем.

    Меҳнати фидокоронаи халқи мо, дастгирии онҳо аз рафти ислоҳот барои мо такягоҳ дар роҳи ба пояи нави боз ҳам баландтар бардоштани рушди миллӣ мебошад.

    Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки шумо барои хидматҳои шоистаатон дар рушди кишвар аз таҳти дил ташаккур мегӯям.

    Итминон дорам, ки шумо бо нишон додани фарҳанги баланди сиёсӣ дар чорабинии муҳими сиёсии дар пешистода фаъолона иштирок намуда, дар фароҳам овардани заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои таҳкими натиҷаҳои бадастоварда ва идомаи собитқадамонаи ислоҳот саҳм мегузоред.

    Мо ба деҳқонону фермерони моҳирамон, ки имрӯзҳо ба қадри ҳар як рӯзу соати зебои баҳор расида, ба саҳро мебароянд, орзуҳои нек баён мекунем.

    Ҳамаи мо ба бунёдкорони Ӯзбекистони Нав — ҷавонписарон ва духтароне, ки сафҳои моро бо орзую умеди калон пур мекунанд, самимона салом мерасонем, ба онҳо хушбахтӣ ва муваффақиятҳо орзу менамоем.

    Бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки мо барои ба зинаҳои баланд расидани ҷавонони баркамол, соҳибмаълумот, фаъолу пурқуввати кишвар тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меорем.

    Ҳамаи мо аз он хеле шодем, ки насли ҷавони мо ба боварии халқ сазовор шуда, муваффақиятҳои калон ба даст оварда истодааст.

    Чанд рӯз қабл мунтахаби ҷавонони оид ба футболи Ӯзбекистон дар муборизаи оштинопазир азму иродаи қавӣ ва маҳорат нишон дода, сазовори унвони фахрии чемпиони Осиё шуд. Он инчунин ба чемпионати ҷаҳон, ки дар Индонезия барпо мегардад, роҳхат гирифт.

    Дар баробари ин мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон оид ба хоккейи то 18-сола дар мусобиқоти чемпионати Осиё бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд. Бешубҳа, хоккейбозони мо, ки дар таърихи мамлакат бори аввал ба чунин натиҷаи баланд ноил гардиданд, сазовори эътирофи махсус мебошанд. Ҳамлагари боистеъдоди мо Ҷасурбек Рустамхонов, ки ба дарвозаи ҳарифонаш чордаҳ шайба зад, қаҳрамони ҳақиқии чемпионат гардид.

    Ва шатранҷбозони ҷавони кишвар бо неруи бузурги зеҳнии худ Ӯзбекистонро дар тамоми ҷаҳон шуҳратманд мекунанд.

    Махсусан қайд кардан мехоҳам, ки дар мусобиқаи байналхалқии шоҳмотбозӣ байни бонувон, ки чанде пеш дар Тошканд баргузор гардид, варзишгари боистеъдоди мо Нилуфар Ёқуббоева аз беш аз 100 нафар иштирокчиёни хориҷӣ пеш гузашта, ҷои дуюмро ишғол намуд.

    Ҷавонписарону духтарони мақсаднок бо муваффақиятҳои умедбахши худ бори дигар равшан нишон доданд, ки ҷавонони Ӯзбекистон ба чӣ гуна корнамоиҳои бузург қодиранд.

    Онҳо дар соҳаҳои илм, маданият, санъат ва адабиёт ба ҳамин гуна натиҷаҳои муҳим ноил мегарданд.

    Чемпиону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, тренерҳову мураббиёни онҳо, падару модарон, тамоми дӯстдорони варзиш, тамоми халқи моро самимона табрик мегӯям.

    Албатта, ин дастовардҳои дурахшони ҷавонон барои ҳамаи мо ба ҷашни Наврӯз туҳфаи олиҷаноб гардиданд.

    Чунин ғалабаҳо, албатта, обрӯи Ӯзбекистони Навро боз ҳам баланд мебардорад.

    Ӯзбекистони Нав дар ҳақиқат ба чунин ҷавононе эҳтиёҷ дорад, ки омодаанд баҳри Ватан корнамоиҳо нишон диҳанд, ки барои миллионҳо ҳамсолони худ намуна шуда метавонанд.

    Мамлакат ва халқ бо насли ҷавони худ — давомдиҳандагони сазовори кори неки аҷдоди бузургамон, ки дар тамоми ҷаҳон машҳуранд, ба таври ҳаққонӣ фахр мекунанд.

    Ташаккур ба шумо фарзандони азизам! Бигзор ҳамеша дар роҳи ҳаётатон комёбӣ ва бурдбориҳо ҳамроҳатон бошад.

    Ҳамватанони азиз!

    Суханони шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ "Ҳар рӯзатон мисли Наврӯз бод!", ки ба инсоният, мо – авлодон муроҷиат карда гуфтааст, ба ҳамагон маълум аст.

    Ба ин паймони хирадмандона пайравӣ намуда, дар асоси анъанаҳои наҷиби халқамон, аз қабили эҳтиром ба калонсолон, ғамхорӣ ба хурдсолон, ёрию дастгирӣ ба ниёзмандон, мо на танҳо дар Наврӯз, балки ҳамеша, ҳамарӯза корҳои хайру савобро ба анҷом расонем.

    Имрӯз мо дар Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ ва дарҳақиқат халқиро ба вуҷуд оварда истодаем, ки дар он меҳру шафқат, саховатмандӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамфикрӣ меъёри ҳаёт мегардад. Бо ин мақсад ҳамаи шумо, пеш аз ҳама роҳбарону мансабдоронро даъват менамоям, ки боз ҳам самарабахштар амал кунед.

    Мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки ҳар як фарди аз қадимулайём бо арзишҳои маънавӣ ва инсонпарварии худ шуҳратёфтаи кишварамон таваҷҷуҳ ва ғамхории мардум ва давлатро ҳамаҷониба ҳис кунад.

    Дӯстони азиз!

    Имсол Наврӯз ба замони хосса рост меояд, ки дар пайи он чанд сана ва рӯйдодҳои муҳиме фаро мерасад.

    Дар ин рӯзҳо мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор дорем. Бо истифода аз фурсат, аз самими қалб мусулмонони кишвар, тамоми уммати исломии ҷаҳонро табрик мегӯям.

    Худованди мутаъол ба тамоми корҳои хайре, ки дар ин моҳи шариф анҷом дода мешавад, баракат диҳад ва андешаҳои поки мо таҷассум ёбад.

    Ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи кормандони низоми маҳалла, ки фардо дар кишвар таҷлил мегардад, табрик мегӯям.

    Дар солҳои истиқлолият Наврўз барои мо ба ҷашни аҷиби дўстиву рафоқат мубаддал гашт, ки он ҳамаи сокинони кишварро ҳамчун як оилаи ягона, дар сулҳу амонӣ ва ризоияти намояндагони миллату халқиятҳои гуногун боз ҳам бештар муттаҳид сохт ва мо ба ин баҳои баланд медиҳем. Мо ин сарвати нодиру бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем.

    Боиси хушнудист, ки ин ҷашн, ки рамзи сулҳу таҳаммул аст, тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид санаи 21-уми март ҳамчун Наврӯзи байналмилалӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад.

    Аз фурсат истифода бурда, мо сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалиро, ки дар ҷашни имрӯзаи мо иштирок доранд, самимона истиқбол намуда, ба кишварҳо ва халқҳои онҳо орзуҳои нек баён мекунем.

    Ҳамватанони азиз!

    Бори дигар ҳамаи шумоёнро бо ҷашни миллии Наврӯз табрик мегӯям.

    Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон, ҳар як маҳалла, ба тамоми мардуми мо сулҳу оромӣ ва файзу баракат биёрад!

    Бигзор Худованди Мутаъол моро дар ҳама иқдомҳои некамон дастгирӣ кунад!

    Бигзор Ўзбекистони маҳбубамон гул-гул шукуфат, халқамон хушбахт бошад!

    Иди Наврӯз ба ҳамаатон муборак бошад!