Ба иттилои телеграм-канали расмии Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул, бар асари заминларза шаҳрвандони мо аз вилоятҳои Қаҳрамонмараши Туркия ба Истамбул кӯчонида шуданд.

Бо мусоидати намояндагии дипломатӣ ва намояндагони ҶС «Uzbekistan airways»  дар Истанбул ҳуҷҷатҳо тартиб дода, чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои бозгашт ба Ватан харида шуданд.

Тибқи маълумоти ахир, шумори қурбониён дар Туркия аз 35,4 ҳазор нафар гузашт.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯзи 10 феврал дар вилояти Ҳатайи Туркия, ки аз заминларза бештар осеб дидааст, як бемористони саҳроии Вазорати дифои Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ки дар он табибони низомӣ ва ошпазҳо ҳамаи ниёзмандони кумакро табобат мекунанд ва ғизо медиҳанд.

Сурати: телеграм-канали сафоратхонаи Ўзбекистон дар Туркия.