Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" ба феҳристи авлавиятҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил гардид

    Нақлиёт 18 Iyul 2022 1642

    Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Витебски Беларус баргузор шуд, лоиҳаи фармоиши Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё «Дар бораи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори ҳамгироӣ дар соҳаи нақлиёти кишварҳои узви давлатҳои Иттиҳоди иқтисодди Аруосиё" маъқул дониста шуд.

    Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон, ки раиси Иттиҳоди иқтисодди Аруосиё мебошад, ду лоиҳа ба рӯйхат дохил карда шуд: «Сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" ва "Электриконии қитъаи роҳи оҳани "Лугавая-Балиқчи», хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ёдовар мешавем, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 май дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё таъкид карда буд: “Дар ояндаи наздик мо ба татбиқи амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Ӯзбекистон-Қирғизистон-Чин" шурӯъ мекунем, ки он барои ворид шудан ба бозорҳои Осиё - минтақаи Уқёнуси Ором имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Ин хатсайр шоҳроҳҳои мавҷудаи роҳи оҳанро дар самти "Шарқу Ғарб" пурра мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates