Мувофиқи ин қарор, лоиҳаи миллии барқарорсозии иҷтимоӣ бо номи «Имконияти дуюм» амалӣ мегардад, ки ба омӯзонидани ҷавонони маҳкумшуда ба касбҳои муосир равона шудааст.
Дар доираи лоиҳа низоми омӯзиши касбҳои рақамии муосир барои ҷавонон дар муассисаҳои иҷрои ҷазо ҷорӣ карда мешавад:
аз 1 июни соли 2026 — дар вилоятҳои Тошканд, Навоӣ ва Қашқадарё;
аз 1 марти соли 2027 — дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ.
Ҳамзамон:
курсҳои таълимӣ бевосита дар муассисаҳои иҷрои ҷазо дар асоси барномаҳои фишурдаи 8–12-моҳа ташкил карда мешаванд;
ба омӯзиш ҷавононе ҷалб карда мешаванд, ки барои ҷиноятҳои хавфашон кам, миёна ва вазнин маҳкум шудаанд;
иштирокчиён ҳамчунин аз рӯи барномаҳои ягона забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ, чинӣ ва ғайра)-ро меомӯзанд;
баъди хатми курсҳо ба онҳо сертификатҳои электронӣ дода мешаванд.