Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, бегоҳӣ то 10-12 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 38-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғона, рӯзона дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат 25-30 дараҷа гарм мешавад.