Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, танҳо дар Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ мешавад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тошканд, вилоятҳои Намангон, Фарғона эҳтимоли омадани сел ва обхезӣ вуҷуд дорад. Дар ҷануб ва биёбон дар баъзе ҷойҳо вазиши шамол дар як сония то 15-20 метр сурат мегирад ва дар баъзе ноҳияҳо ғубори чанголуд мехезад. Ҳарорати ҳаво 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт борон намеборад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 34-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр мевазад ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво 20-25 дараҷа мешавад.