Пешгӯии обу ҳаво барои 14 феврал

    Сайёраи сабз 14 Fevral 2025 1207

    Имрӯз рӯзона дар баъзе ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Навоӣ, Тошканд, Сирдарё ва Сурхондарё эҳтимоли боридани борони сабук, дар қисмати шимолӣ барф пешбинӣ шудааст. Дар дигар ҳудудҳо боришот пешбинӣ нашудааст. Гоҳ-гоҳ туман падид меояд. Шиддати шамол дар як сония 7-12 метрро ташкил медиҳад. Ҳарорат аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт боридани борони сабук эҳтимол дорад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳсорӣ баъзан барф меборад, эҳтимоли туман вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад.