Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт боридани борони сабук эҳтимол дорад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳсорӣ баъзан барф меборад, эҳтимоли туман вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм  мешавад.