Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 8-10 дараҷа  гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан боришот (борон, барф) мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳсори ҷумҳурӣ ба миён омадани селу обхезӣ имконпазир аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ҳаст. Дар баъзе ҷойҳо туман падид меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр мевазад, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа  гарм мешавад.