Дар ноҳияҳои боқимонда ҳавои бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр пурзӯр гардида, эҳтимол то 23-25 метр шиддат гирад ва дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Бинобар маълумоти хидмати Узгидромет, ки нимаи дуюми рӯз дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 29-31 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон меборад, раъду барқ ба амал меояд. Ҳодисаҳои сел имконпазир аст. Шамол бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат 17-22 дараҷа гарм мешавад.